ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Нашрияи "Фазои Шарқ"-и Чин эълом кардааст, ки 17 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" шаҳрвандони чинӣ ва шаш тани дигар тоҷик мебошанд, иттилоъ додааст Садои Хуросон дар истинод ба сомонаи ТопТҶ.
Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои як рӯз: 60 дарсади маризон шифо ёфтанд
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин корхона сеҳазор нафар фаолият мекунанд, ки як ҳазору 100 тан шаҳрвандони чинӣ ва бақия тоҷик ҳастанд.
Коргарони чинӣ ба далели густариши вируси корона хостори бозгашт ба кишвари хеш шудаанд, аммо ба иллати баста будани марзҳо дар ҳоли ҳозир ин амр имконпазир нест.
Хушхабари сартабиби тоҷик аз коҳиши тасфу илтиҳоб дар гармӣ ва ҳушдораш аз бемориҳои дигар
Ширкати ёдшуда дар соли 2007 дар шаҳраки Зарнисор ифтитоҳ шуда аз зарфияти коркарди солона як миллион тонна сурбу рӯҳ бархурдор аст.