Бо розигии Эмомалӣ Раҳмон: Каримзода раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъйин шуд

© Саҳифаи ҲХДТ дар АштБо розигии Эмомалӣ Раҳмон: Каримзода раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъйин шуд
Бо розигии Эмомалӣ Раҳмон: Каримзода раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъйин шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо баргузории як ҷаласа, Каримзода Хушнуд Каримиро раиси нави ҲХДТ дар ноҳияи Ашт муаррифӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Бино ба иттилоъи Таҳмина Мисробӣ, масъули матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт, таъини роҳбари нави раиси ҳизб дар ноҳия аз мавзӯи асосии маҷлис иборат буд, ки имрӯз баргузор гардид.

"Тибқи рӯзномаи маҷлис, ки аз ду масъала иборат буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин бинобар ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт озод карда шуда, ба ҷои ӯ, бо розигии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Каримзода Хушнуд Каримӣ ба вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт интихоб карда шуд”, иттилоъ додааст Мисробӣ.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Раҳмон ба Данғара: аз сохтмони бинои ҲХДТ то ифтитоҳи корхонаи “Фармтекст” ва...

Каримзода Хушнуд Каримӣ кист?

Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳоло яке аз ҷавонтарин раисони ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Ӯ 12 октябри соли 1984 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Каримзода соли 2001 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳраки Шайдонро бо медали тило хатм кардааст. Дар соли 2006 филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис –технолог бо дипломи аъло хатм намудааст.

Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо розигии Раҳмон ва ҷонибдории Рустам: Мирзозода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Душанбе шуд
Фаъолияти меҳнатиашро ӯ соли 2001 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.

Соли 2005 то 2006 мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд, аз соли 2006 то 2007 ҳуқуқшиноси корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзили комуналии ноҳияи Ашт, аз соли 2007 то 2011 ҷонишини раиси корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзили комуналии ноҳияи Ашт, аз соли 2011 то 2013 сармутахассиси бахш оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, аз соли 2013 то 2015 мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият бурдааст.

Аз моҳи октябри соли 2015 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт фаъолият мекунад. Донандаи забони русӣ ва ӯзбекӣ аст.

Идомаи таъйиноти кадрӣ: Раҳмон ду муовини Агентии назорат дар соҳаи маорифро интихоб кард

Сар аз имрӯз 9-уми июн ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъин карда шудааст.

Каримзода дар ин мақоми ҳизбӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддинро иваз намуд. Зиёӣ дар рӯзи 1 уми марти соли 2010 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ аз майи соли 2017 то замони вакили парлумон интихоб шуданаш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бар уҳда дошт.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин иҷлосия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Аминҷон Шарифзода, раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Раҳмон ба Данғара: аз сохтмони бинои ҲХДТ то ифтитоҳи корхонаи “Фармтекст” ва...
Лентаи хабарҳо
0