Пешгӯйии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон: борони кӯтоҳмуддат меборад

© alsudiz / PixabayПрогноз погоды
Прогноз погоды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бадахшон сардшавии ҳаво дар назар аст: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Рраъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва барфу борон дар назар аст

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, жола меборад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 21+26  дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 32+35 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0