Навори нодири сӯиқасд ба Президент: посух ба суоли Ёқуб сипар шуд ё Мурод?-видео

© Sputnik / Александр Макаров / Гузариш ба медиабонкПредседатель Верховного Совета Таджикистана Эмомали Рахмонов. Архивное фото.
Председатель Верховного Совета Таджикистана Эмомали Рахмонов. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нилуфари Азиз, рӯзноманигори тоҷик, бо нашри як барномае наворҳои нодири ҳамлаи террористӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ироа кард

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Нилуфари Азиз дар пайи таҳқиқоти журналистӣ дар барномаи  "Дурбини ҳақиқат" изҳор  медорад, ки дар он ҳамла Мурод Саидов, роҳбари муҳофизини раисиҷумҳур барои Эмомалӣ Раҳмон сипар шуда буд. Қаблан дар мавриди он, ки Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилӣ ё Мурод Саидов, муҳофизи раисиҷумҳур дар он ҳодиса барои Эмомалӣ Раҳмон сипар шуда буд, дар шабакаҳо ва расонаҳо иттилои духӯра нашр шуда буд.

Ин сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрели соли 1997 сурат гирифт, ки дар пайи он даҳҳо нафар, аз ҷумла худи раисиҷумҳур маҷруҳ шуда, ду нафар ҳалок гардиданд.

 

Худи Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни сафараш ба ноҳияи Балҷувон изҳор дошт, ки 6 бор ҳадафи терракт қарор гирифт.

“Дар шаҳри Хуҷанд назди театри Камоли Хуҷандӣ 75 кас ярадор шуд, аз он ҷумла худи ман. Ду кас вафот кард, ду кӯдак. Ҳамон осколкаҳо то ҳол дар пой мондагӣ аст”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0