Боздошти ҷавоне, ки 300 ҳазор сомониро дуздид: қаблан низ суд шудааст

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон  як ҷавони 28 соларо боздошт кардаанд, ки дар дуздии  300 ҳазо сомонӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур шикоят овардааст.

При въезде в Куляб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор дар бозори марказии Кӯлоб: боздошти ҷавоне ки марди 43 соларо 15 корд зад

Ба иттилои  манбаъ, санаи 28-уми майи соли ҷорӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 20 ҳазору 40-доллари амрикои ва 8 ҳазору 600-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Манбаъ мегӯяд, зарари расонидашуда 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми гзаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 158 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0