Соҳибкор ё ҳукумат?: маълум шуд, ки барои таъмири 10 километр роҳ кӣ пули бештар медиҳад

© SputnikТехникаи сохтмонӣ ва таъмири роҳҳо, акс аз бойгонӣ
Техникаи сохтмонӣ ва таъмири роҳҳо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ноҳияи Ёвон эълон доштааст, ки аз ҳисоби мақомот ва соҳибкорони ноҳия 10 километр роҳҳои марказӣ, ки солҳои тулонӣ таъмири асосиро надида буданд, бо харҷи 22 миллион сомонӣ пурра таъмир хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Раҷабалӣ Муродов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон гуфт, ки таъмири роҳҳои маркази ноҳия рӯзҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Ремонт дороги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пул намерасад: мақомоти Қубодиён бо 15 ҳазор сомонӣ чанд километр роҳро таъмир кард?

“Барои таъмири ин роҳҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 3 миллион сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 19 миллион ҷудо хоҳад шуд”, – таъкид доштааст Муродов.

Вай ҳамчунин илова кардааст, ки дар 5 моҳи соли равон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 350 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 141 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағ роҳҳо таъмири ҷориву асосӣ шудаанд.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар мувозинаи муассиса 234 км роҳҳо вобаста шудаанд, ки аз он 154 километраш роҳҳои маҳаллӣ  ва 79 километри дигараш роҳҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0