Коронавирус: се намояндани СУТ ва пизишкон аз Полша вориди Тоҷикистон шуданд

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в госпитале, архивное фото
Медицинский работник в госпитале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Се намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва 16 пизишк аз Полша вориди Тоҷикистон шуданд, гузориш медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, онҳо 6-уми июн вориди Душанбе шуданд.

Министр здравоохранения и социальной защиты населения Таджикистана встретился с группой китайских врачей - Sputnik Тоҷикистон
Дидору мулоқоти вазири тандурустӣ бо пизишкони чинӣ
"Табибонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода истиқбол гирифт", - менависад манбаъ.

Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз ташрифи ҳайати техникии СУТ ба Тоҷикистон 1-11 майи соли равон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби коршиносони Бюрои минтақавии СУТ ҳисобот ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Ситоиши табибони ӯзбек аз пизишкони Суғд: бо чунин кор COVID-19 ба наздикӣ маҳв мешавад

Яке аз он тавсияҳо даъвати гурӯҳҳои сайёри фавқулодда бо мақсади фаъолияти якҷоя бо мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон буд.

Пештар пизишкони чинӣ ва ӯзбекистонӣ низ барои мубориза бо коронавирус ва табодули таҷриба ба Тоҷикистон омада буданд.

Лентаи хабарҳо
0