ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Размикори муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Конор Макгрегор бори дигар аз хотимаи фаъолияти варзишӣ гуфт.
"Ман қарор кардам, ки фаъолияти варзишиамро хотима бахшам. Ташаккур ба ҳама барои хотираҳои хуб! Ин роҳи пуршараф буд!", - навиштааст Макгрегор дар саҳифааш дар Twitter.
Дар шарҳи ин хабар ҳамчунин акси Конор бо модараш дарҷ гардидааст. Чуноне худи Конор гуфтааст, ин акс пас аз яке аз рақобатҳо дар Лас - Вегас бардошта шудааст.
Hey guys I’ve decided to retire from fighting.
— Conor McGregor (@TheNotoriousMMA) June 7, 2020
Thank you all for the amazing memories! What a ride it’s been!
Here is a picture of myself and my mother in Las Vegas post one of my World title wins!
Pick the home of your dreams Mags I love you!
Whatever you desire it’s yours ❤️ pic.twitter.com/Dh4ijsZacZ
"Хонаи орзуятро интихоб намо, ман туро дӯст медорам. Ҳар чизе, ки мехоҳӣ ман мекунам", - омадааст дар шарҳи ин акс.
Варзишкори ирландӣ пештар ҳам аз хотимаи фаъолияташ гуфта буд.
Нахустин бор ӯ моҳи апрели соли 2016 эълон карда буд, ки фаъолияти варзишиашро хотима мебахшад.
Бори охир варзишкори ирландӣ моҳи марти соли 2019 аз ринг рафта буду, пас аз даҳ рӯз боз баргашт.
Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард
Макгрегор дар UFC нахустин варзишкоре шуд, ки якбора дар ду вазн - сабук ва миёнаи сабук қаҳрамон шуд.
Пас аз чанде Конор Макгрегор миёнбанди қаҳрамониаш дар вазни миёнаи сабукро аз даст дод ва 6 октябри соли 2018 дар муҳориба бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз унвони қаҳрамонии худ дар вазни сабук маҳрум шуд.
Дар давоми фаъолияти варзишӣ Макгрегор 26 бор ба ринг баромада, 22 маротиба пирӯз шудааст ва чор бор мағлуб гардидааст.