ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд ин иқдомро амали хайрхоҳона ва қадами устувор барои солимии шаҳрвандон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ унвон кард, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рўи замин аст.
“Мо бояд ин неъмати бебаҳоро оқилонаву самаранок истифода карда, аз ифлосшавию харобӣ ва умуман ҳар гуна хатарҳои номатлуб ҳифз намоем. Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ чун ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои табиати бою рангин буда, кўҳи сарбафалак - кашидаи Мевағул, чашмаҳои мусаффову дарёи равони Сир, боғу бўстон ва гулзору чаманзорҳо шаҳри моро ҳусни дигар бахшидаанд” - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.
Гуфта шудааст, ки зиёда аз 20 адад техникаю таҷҳизот бо фарогирии беш аз 70 тонна маводи тамизкорӣ барои безараргардонии кӯчаву хиёбон, тангкӯчаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, истгоҳҳо, маҳаллаву микроноҳияҳо сафарбар карда шуданд.
Ин иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд имкон медиҳад, ки дар шаҳр хуруҷу бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориии нави короновирус паст гардида, дар ояндаи наздик аз байн хоҳад рафт.