ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи минтақавии “Пайк” Абдуллоев Зарифи 63 сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зарбдор деҳаи Кӯҳнашаҳр ба чунин кор даст задааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда аввал корд ба шикамаш зада рӯдаҳояшро буридааст, сипас ба сараш маводи зуддаргир рехта худро оташ задааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин бора аз Раёсати Тандурустии минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Гуфта мешавад, ҳоло марди қасд ба ҷони худ карда дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятии №2 дар шаҳри Кӯлоб бистарӣ буда вазъи саломатиаш ниҳоят вазнин арзёбӣ мешавад.
“Бино бар иттилои расида ин мард, ки маъруф бо номи ҳоҷӣ Зариф аст таъминкунандаи нон ва дигар хӯроквориҳо дар баъзе аз боѓчаҳои кӯдаконаи шаҳр будаасту ҷиҳати қарздор мондан аз пардохти ҳаққи маводи хӯрока ҷон ба лаб омадааст”,-навиштааст сомона.
Дар хусуси ҳодисаи мазкур мақомот, ҳоло шарҳи расмӣ пешниҳод накардааст.