Даъвати ВКХ аз тоҷикистониён: ба марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон наравед

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, як гурӯҳ ҳамватанон дар гузаргоҳи сарҳадии Қазоқистон ҷамъ омадаанд, ки беш аз 30 нафар мебошанд

 

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Гурӯҳи дигари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, дар назди гузаргоҳи марзии Қазоқистон ҷамъ омадаанд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии ВКХ.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷа, ҳоло беш аз 30 нафар дар нуқтаи гузаргоҳи марзии Қазоқистон ва Ӯзбекистон  қарор доранд.

“Чунин ҳолат боис мегардад, ки то гирифтани иҷозати убури сарҳад аз мақомоти дахлдори Қазоқистон ва Ӯзбекистон мардуми дар марз дармонда сарсону саргардон шаванд”,-гуфтааст вазорат.

Манбаъ мегӯяд, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони муқими он кишвар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба шаҳрвандони дар минтақаи марзӣ дармонда ҷиҳати таъмини онҳо бо ғизо ва ҷойи хоб мусоидат менамоянд.

Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қувайт ба Душанбе бо парвози махсус

Вазорати корҳои хориҷа дар робита ба баста будани марзҳо, ба ҳамватанон тавсия дода додааст, ки то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар минтақа аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва убури транзитӣ аз он ду кишвар худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем 2 июни 237 шаҳрванди кишвар аз гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и байни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон, ки тайи чанд муддат дар ин ҷой дар мондаву аз шароити будубош шикоят мекарданд, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ду кишвари мазкур ва мусоидати сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0