Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи фармони раисҷумҳур аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба наздикони муҳоҷироне, ки бесаробон мондаанд, кӯмакпулӣ дода мешавад. Дар ин дастури президент чанд гурӯҳи дигаре номбар шудаанд, ки аз кӯмаки давлат бархурдор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5 июн фармонеро ба имзо расонида дастур додааст, ки ба як гурӯҳ сокинони ҷумҳурӣ бино бар вазъи баамаломада дар пайи пандемияи коронавирус кӯмакпулӣ расонида мешавад.

Бино бар фармони президент, кӯмакпулӣ яквақта ва ба ҳаҷми як маоши ҳадди ақал аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дода хоҳад шуд.

Киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

"Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакпулӣ расонида шавад", - омадааст дар фармони президент.
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст.

Як дастури дигар ба Ҳукумат

Тибқи ҳамин фармон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат дастур додааст, ки нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки аз бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом дода шавад.

Вазири тандурустӣ таъкид кард, табобати беморони вируси корона комилан ройгон аст

Ҳамзамон, то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0