ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҷаримаи соҳибони мошинҳое, ки сари вақт ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд, оғоз кардаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми як санҷиш дар масофаи 15 киллометир 43 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки автомобилҳои шахсӣ, мусофиркашҳо, микроавтобусҳои оддии ҷамъиятӣ ва ҳатто нақлиёти хидматӣ ба садои ёрии таъҷилӣ ва чароғакҳои равшани он тамоман аҳамият намедиҳанд.
Гуфта мешавад, бо шарофати сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ, Раёсати ВКД дар Душанбе тавонист тамоми ронандаҳое, ки ба чунин амал даст задаанд пайдо кардааст, ки миёнашон ронандаҳои худравҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта”, “Мерседес” низ будаанд.
Барои ҳар як ронанда протокол тартиб дода шуд ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима ситонида шуд.
Қайд мешавад, ки ҳангоми сафарҳои таъҷилӣ, кормандони гуруҳи ёрии таъҷилӣ тамоми таҷҳизоти огоҳӣ, аз ҷумла чароғаки кабуд ва садоро (сигнал) истифода мекунанд, аммо ҳатто баъзан ин ба духтурон имкон намедиҳад, ки ба зудӣ ба ҷойи даъватшуда бирасанд.
Тибқи гузориш қоидаҳо на танҳо дар роҳҳо ва ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ вайрон мешавад, ки сокинон дар назди дари биноҳо нақлиёти худро гузоштаанд, ки ворид шуданро душвор месозад.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки ба сигналҳои ёрии таъҷилӣ бодиққат бошанд ва ба гузариши бригада монеа нашаванд, зеро ин метавонад ба ҳаёти инсон арзиш дошта бошад.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайтахт аз ҳама ронандагон даъват кардааст, ки тамоми қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва ба ҳаркати бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ халал нарасонанд.