Умаров дар бораи сиёсати қарзии Тоҷикистон: бояд аз тавсияи ХБА даст кашид

© из личного архива Умарова ХоджамахмадаХоджамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ
Ходжамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бояд сиёсати қарзии мустақилро пеш барад ва ба Хазинаи байналмилалии асъор вобаста набошад, гуфт Хоҷамаҳмад Умаров, доктори илмҳои иқтисод, мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Умаров гуфт,  Тоҷикистон фоизи хеле баланди қарзӣ дорад, ки он борҳо мавриди таваҷҷуҳи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам қарор гирифт.

На рынке Панчшанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми таътили “вируси корона”: тоҷирони бозори “Панҷшанбе” сари кор баргаштаанд

Ба ақидаи иқтисоддон, Тоҷикистон бояд вобастагии худро аз Хазинаи Байналмилалии Асъор дар масоили иқтисодӣ қатъ кунад.

"Бояд аз тавсияи СБА даст кашем ва сарнавишти бахши бонкиро худамон ҳал кунем”,- гуфтааст Умаров.

Ба андешаи коршинос, аз сиёсати гаронбаҳои пулие, ки ХБА пешниҳод дорад, барои рушди пешрафти кишварҳои пасошӯравиро монеа эҷод мекунад ва пешниҳод дорад, ки ба сиёсати арзони пулӣ ва тадриҷан паст кардани фоизҳо гузашт.

Бо чунин сиёсат, ХБА одатан дар бораи болоравии таваррум ва бесубот кардани иқтисодиёт сӯҳбат мекунад, гуфт иқтисодчӣ.

"Аммо барои гузариши тадриҷӣ ба сатҳи пасти фоизҳо ва пешгирии таваррум имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Бахусус тавассути мунтазам зиёд кардани қарзҳои кӯтоҳмуддат", - хулоса кард Умаров.
Лентаи хабарҳо
0