Ғорати дӯкони заргарӣ дар Душанбе: гумонбар дастгир шуд

CC0 / Pixabay / Шкатулука с драгоценостями, архивное фото
Шкатулука с драгоценостями, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздӣ дар дӯкони заргарӣ дар Душанбе хабар медиҳад. Мақомот ҷавони гумонбарро дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст.

Продажа украшений. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти хоҳарон ва духтар барои ғоратаи мағозаи тилло: аз Ҳисор ба Панҷакент барои дуздӣ
Ба гуфтаи вай, 19-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 02:20 дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дӯкони заргариаш воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев даромада, аз онҷо 4000 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

"Зарари расонидашуда 6000-сомониро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0