“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

© Из личного архива Абдулло РахнамоАбдулло Рахнамо, политолог
Абдулло Рахнамо, политолог - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Набарди оилаи Абдулло Раҳнамо бо “вируси корона”: суҳбат аз беморхона

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Начальник Управления анализа и прогнозирований внешней политики Центра стратегических исследований при президенте РТ Абдулло Рахнамо - Sputnik Тоҷикистон
“Шоҳҷоиза” ва 50 ҳазор сомонӣ: пирӯзии писари Абдуллоҳи Раҳнамо дар даври ниҳоӣ

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

Лентаи хабарҳо
0