ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Восеъ, марди 60-солаи сокини ҳамин ноҳия дар бораи дуздии чорвои калони шохдораш ариза навиштааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки шаби 1 ба 2-юми июни соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Вазорати умури дохилӣ зарари расонда ба соҳиби чорворо 11 ҳазору 800 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони, ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
ВУД таъкид намуд, ки аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.