ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар Русия аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад, изҳор дошт муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко дар ҷараёни як брифинг.
"Тавре шумо медонед, кор дар самти истеҳсоли ваксин босуръат идома дорад. Мо интизори натиҷаҳо мебошем ва коршиносон мегӯянд, ки агар самаранокии ваксин дақиқ шавад, аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ оғоз мешавад. Вале ҳоло мо бояд дар шароити хуруҷи ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем", - тавзеҳ додааст муовини сарвазир.
Зимнан, ба изҳори ноиби президенти Академияи илмҳои Русия, роҳбари бахши илмҳои биомедикии Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин, ҳоло олимони рус ваксинаҳои ғайриоддии зидди сирояти коронавирусро таҳия карда истодаанд, ки онро ба организм дар шакли йогурт ворид кардан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.
Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.
"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад
Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.
Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.
Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.