Боздошти ронандае, ки нимашаб ҷавонзани роҳрӯбро пахш намуда, фирор кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки пас аз пахш намудани роҳрӯб аз ҷойи ҳодиса фирор кардаст

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Саъдуллоева Холӣ сокини 34 - солаи шаҳри Душанбе, ки ба тамиз намудани роҳу хиёбонҳои пойтахт машғул аст, аз ҷониби ронадаи номаълум пахш шуда буд.

Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ронандаи ҷавон дар зер кардани кӯдак ва фирор айбдор мешавад

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур санаи 31 - уми май дар кӯчаи Н.Қарабоев рух додааст.

ВУД: дар ду рӯзи истироҳат дар се садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ба ҳалокат расид

Ҷавонзани роҳрӯб соати 03:10 дақиқа ба тамиз кардани роҳи кӯчаи Неъмат Қарабоев машғул буд, ки ронандаи шахсияташ номаълум ӯро бо автомашинаи худ пахш кард ва фавран аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Зимнан, кормандони пулис аснои баргузор кардани корҳои ҷустуҷӯӣ, ронандаи фироркардаро боздошт намуданд.

"Муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7222 СМ 01, шаҳрванд Алиев Сангмаҳмад Валиевич соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут мебошад, ки дар ҳақиқат рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:10 дақиқа ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёташ дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ронандаи ҷавон ба ҷойи расондани кӯмак ба роҳрӯби ҷароҳатбардошта, баръакс аз ҷойи ҳодиса рӯ ба гурез мениҳад.

РВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои дахлдор тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

Манбаъ меафзояд, Саъдуллоева Холбӣ пас аз муоинаи тиббӣ аз бемористон мураххас шуд.

Лентаи хабарҳо
0