Рӯзи 1 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.
Соли 1869 бақайдгирандаи электронии овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.
Соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.
Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.
Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Action Comics" нашр шуд.
Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" фармон имзо карданд, ки пас аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.
Соли 2012 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Cоли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба боғи "15-солагии истиқлоли Тоҷикистон", ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.
Соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" дар ноҳияи Варзоб" баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.
Ҷашнҳои рӯзи 30 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он 34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.
Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид.
Моли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии "Тараннуми истиқлол" баргузор гардид.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн
- Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон.
- Дар Самоа — Рӯзи истиқлолият.
- Дар Тунис- иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия.
- Дар Муғулистон — Рӯзи модару кӯдак.
- Дар Ҷумҳурии Палау — Рӯзи президент