Расонаҳо хабар доданд, ки бетартибиҳо дар Миннесота, ҳамзамон ба 75 шаҳри Амрико густариш пайдо кардааст.
Дар чанд иёлати барои қатъи баназмиҳо аз неруи артиш истифода шуд ва садҳо нафар боздошт шуданд.
Марги як марди сиёҳпӯст аз дасти маъмурони сафедпӯсти пулис мардумро ба хашм овардааст, ки эътироз ба мақомоти амниятиро идома доданд.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои таъмини амният дар Миннеаполис Горди миллиро сафарбар кард.
Трамп рӯзи 30-уми май марги Ҷорҷ Флойдро “фоҷиаи бузурге” номид, ва гуфт ин ҳодиса кишварро пур аз хашму андӯҳ кард.
Ёдрас мешавем, ки Ҷорҷ Флойди 46-солаи як марди сиёҳпӯстест, ки кормандони пулис рӯзи 25-уми май дар яке аз кӯчаҳои Миннеаполис дастгир карданд. Дар наворе, ки баъдан пахш шуд, дида мешуд, ки чӣ гуна Ҷорҷ Флойдро як маъмури пулиси сафедпӯст бо зонуаш буғӣ мекунад. Вай аз корманди пулис хоҳиш мекунад, ки зонуяшро аз гарданаш бигирад, зеро нафас гирифта наметавонад.
Ӯ ба такрор мегӯяд, ки “ман нафас кашида наметавонам.” Пулис дар ин лаҳза барои беҳаракат нигаҳ доштани ӯ сахт гарданашро бо зону зер мекунад.



















