ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кард нафаре, ки аз корхонаи ҶДММ “Дуоб” 30 ҳазор доллару 40 ҳазор сомонӣ дуздӣ кард боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия, ҳангоми гузаронидани як амалиёти махсус марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд
Гуфта шудааст, ки номбурда, моҳи январи соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Дуоб”, воқеъ дар кӯчаи Машъал, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.