Карантин нашуданд: 180 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргаштанд

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе, архивное фото
Аэропорт в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ширкати арабии "Флай Дубай" 180 шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон дар Дубай ба ватан баргардонида шуданд. Пештар қисме аз онҳоро "Сомон Эйр" оварда буд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дирӯз, 31 май180 нафар шаҳрвандони мамлакат аз Дубай ба Душанбе баргардонида шуданд.

Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти шаҳрвандон идома дорад: 188 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргардонида шуд
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад, 31 май бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Флай Дубай" шаҳравандони боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Пештар "Сомон Эйр" низ қисме аз ҳамватанонро ба Тоҷикистон баргардонида буд.

49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд

Бино бар иттилои дарёфтӣ, шаҳрвандоне ки аз Дубай баргаштанд, пешакӣ аз ташхиси вирусӣ гузаштанд ва бинобар манфӣ будани натиҷаҳо, карантин нашуда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0