Эрон барои мубориза бо вируси корона ба Афғонистон кумаки пизишкӣ расонд

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Кобул бастаи кумаки пизишкӣ барои мубориза бо коронавирусро ба Вазорати беҳдошти Афғонистон таҳвил дод

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Ба нақл аз ИРНО, Баҳодури Аминиён, сафири Эрон дар Афғонистон ахиран дар шаҳри Кобул бастаи 11 тоннаии таҷҳизоти пизишкӣ ва кумакҳои Эрон шомили тестҳои ташхиси коронавирус, дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ, ниқоби тиббӣ ва маводди  безараргардониро ба Башир Нурмал, муовини Вазорати  беҳдошти  Афғонистон  таҳвил дод.

Доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар 4 моҳ: Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7 миллион доллар кумак дарёфт кард

Тибқи иттилои манбаъ, Аминиён дар ин маросим, ки дар маҳалли  Вазорати беҳдошти Афғонистон баргузор шуд, ҳадаф аз ин кумакҳоро муқобила бо коронавирус ва ҳифозат аз ҷони кадри дармонӣ ва мардуми Афғонистон унвон кард ва таъкид  кард, кумакҳои беҳдоштии  Эрон ба Афғонистон идома хоҳад ёфт.

Муовини Вазорати беҳдошти Афғонистон ҳам ба намояндагӣ аз давлати Афғонистон бо қадрдонӣ аз кумакҳои Эрон, гуфт: Ин таҷҳизот аз ниёзҳои зарурии Вазорати  беҳдошти Афғонистон аст.

Нурмал ҳамчунин аз сафири Эрон хост Теҳрон ба кумакҳои бештари худ  барои  муқобила  бо коронавирус  дар Афғонистон идома диҳад.

Пеш аз ин низ миқдоре тестҳои ташхиси коронавирус  ба сафорати Афғонистон  дар  Теҳрон  таҳвил  дода шуд, ки дар бемористони вилояти Ҳарот  барои  ташхиси беморони коронаӣ истифода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0