Раҳмон гуфт, охири имсол ба раисон аз рӯи чӣ баҳо медиҳад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, огоҳ кард, ки имсол кори раисони шаҳру навоҳӣ аз рӯи кадом меъёрҳо баҳогузорӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо масъулин ва фаъолони вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки охири имсол ба кори раисон аз рӯи ташкили корхонаҳо, ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ баҳогузорӣ хоҳад шуд.

Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУХ Тоҷикистон: давоми 11 рӯз 680 тоҷикистонӣ ва 58 тобут аз Русия ба ватан интиқол ёфт

 “Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд ва фаъолияти онҳо дар давоми сол аз рӯи ин нишондиҳандаҳо арзёбӣ карда мешавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки то охири соли 2020 доир ба корҳои дар самтҳои зикршуда иҷрогардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Ӯ зикр намудаст, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, дар вилоят маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Лентаи хабарҳо
0