Футболи Ӯзбекистон 5 июн ба майдон бармегардад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкНоги и футбольный мяч
Ноги и футбольный мяч - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омодагӣ барои тамрину мусобиқаҳо бояд тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена сурат гирад.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бозиҳои чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз 5 июн оғоз меёбанд, вале бидуни тамошобинон ба хотири чораҳои зидди паҳншавии COVID-19 баргузор мешаванд.

Футбол. Суперкубок УЕФА. Матч ФК Ливерпуль - ФК Челси - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти футболи бузург ба майдон

Қарорри мазкурро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қабул кардааст.

Чемпионати футболи Ӯзбекистон рӯзи 16 март, пас аз як рӯзи дарёфти аввалин гирифтори COVID-19 дар ин кишвар, боздошта шуда буд.

"Аз 5 июн иҷозат дода мешавад, ки чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон бидуни тамошобинон идома дода шавад", - омадааст дар шабакаи Телеграммаи Вазорати адлия.

Бошгоҳҳои футболи касбӣ бояд машқҳоро тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ чораҳои карантиниро то 15 июн тамдид кард. Аммо аз 1 июн дар баъзе аз минтақаҳои санаторияҳо, клубҳои варзишӣ кушода, тӯйҳо ва ҷашнҳо иҷозат дода мешаванд.

Мақомоти Ӯзбекистон сар аз оғози моҳи май дар минтақаҳое, ки шуъи коронавирус дар он паст шуд чораҳои қарантиниро сустар карданд.

Ҳамчунин, сар аз 15 май кори паркҳо, музейҳо ва варзишгоҳҳо дубора барқарор шуданд.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Аз 18 май робитаҳои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва минтақаҳои кишвар барқарор гардид.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 6 миллион ҳодисаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст, беш аз 357 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда ба 3 546 расид. 14 бемор фавтида, 2 783 нафар шифо ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0