Даргузашти боз як генерал - собиқ сардори милисаи Кӯлобу Бадахшон, баъди бародараш

© котиботи ВУД ТоҷикистонАбдуваҳҳоб Искандаров, собиқ сардори милиса дар Кӯлоб ва ВМКБ
Абдуваҳҳоб Искандаров, собиқ сардори милиса дар Кӯлоб ва ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулваҳҳоб Искандарзода, собиқ сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даргузашт. Ин дуюмин мусибат дар хонаводаи Искандарзодаҳо тайи ду ҳафтаи охир мебошад

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Як манбаъ дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум шаби гузашта дар манзили худ ҷон ба фонофарин таслим кардааст.

Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

“Он кас ҳудуди як моҳ ба ин сӯ таҳти назорати табибон буданд. Як муддат дар шифохона ва сипас манзилашон табобат гирифтанд. Аммо дар бораи маризиашон маълумоте надорем”, - гуфт ин манбаъ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода узви дуюми хонаводаашон аст, ки тайи як моҳи ахир вафот кардааст. Ду ҳафтаи қабл бародари ӯ Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб фавтида буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур 25 ноябри соли 1957 таваллуд ёфта, хизмати аскариро дар Ҷумҳурии демократики Афғонистон дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо кардааст ва бо нишонҳои президуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ “Ҷанговари интернатсионалисти Иттиҳоди Шӯравӣ” ва президенти Афғонистон қадрдонӣ шудааст.

История Таджикистана на карте Москвы: Посольство Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат

 Бино ба ин манбаъ, аз 22 майи соли 1984 дар сафи милиса ба фаъолият оғоз намудааст.

“Дар раёсати шӯъбаҳои милисаи собиқ вилояти Кӯлоб дар вазифаҳои нозири шуъбаи кадрҳо Раёсати корҳои дохилӣ (РКД), нозири калони РКД, ёвари сардор ва сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РКД, сардори РКД, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва сардори бахши минтақаӣ кор кардааст. Як замон муовини сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар гуруҳи навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сипас муовини сардори Раёсати ВКД дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст”, - омадааст дар баёни ҳасби ҳоли ӯ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода 20 январи соли 2016 сардори РВКД дар Вилояти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Рӯзи 25 августи соли 2017 аз сӯи президенти Тоҷикистон ба ӯ рутбаи генерал-майори милиса дода шуд.

Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода - Sputnik Тоҷикистон
Мусибат дар хонаводаи Орумбекзода: ҳамдардӣ бо оилаи собиқ вазир

Сипас 12 декабри соли 2017 аз вазифаи сардори РВКД дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабукдӯш ва баъдтар муовини сардори сардори РВКД дар вилояти Хатлон таъин шуд.

 “Ӯ чанде қабл ба нафақа рафт ва зиндагии мулкиро аз сар гирифт. Ӯ дар хотираҳои мо ҳамчун як ҳамкори меҳрубон ва низомии ҳирфаиву ватандӯст боқӣ хоҳад монд”, - гуфтанд дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон.

Дар ҳамин ҳол, Абдулваҳҳоб Искандарзода танҳо генерал – майоре нест, ки тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон олами фониро тарк кардааст. Қаблан Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон низ дар айни бознишастагӣ ба даъвати ҳақ пайвастанд.

Лентаи хабарҳо
0