https://sputnik.tj/20200531/Azmi-Marmar-baroi-tamini-farovon-dar-bozori-gshti-muru-gov-1031330568.html
Азми "Мармарӣ" барои таъмини фаровонӣ дар бозори гӯшти мурғу гов
Азми "Мармарӣ" барои таъмини фаровонӣ дар бозори гӯшти мурғу гов
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки қаблан болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот рабт дод, ахиран зимни сафараш ба Хатлон барои рушди чорводорӣ ва... 31.05.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-05-31T15:30+0500
2020-05-31T15:30+0500
2021-04-19T16:40+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/26/1029072655_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_53a1fcfffba3fa4bc7b6e61ed01fa56a.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/26/1029072655_325:0:2996:2003_1920x0_80_0_0_426fb067bb0271a53981aec6d500c7a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, дар тоҷикистон
Азми "Мармарӣ" барои таъмини фаровонӣ дар бозори гӯшти мурғу гов
15:30 31.05.2020 (Навсозишуда: 16:40 19.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки қаблан болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот рабт дод, ахиран зимни сафараш ба Хатлон барои рушди чорводорӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ дастур дод
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон гуфт, соли 2020 бо ҷалби сармояи ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ба маблағи 153 миллион сомонӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 5 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ афзуд, ки фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.
"Инчунин, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати зикршуда ташкили корхонаи истеҳсоли гӯшти чорво дар ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли 1000 тонна гӯшти гов дар як сол ба маблағи 105 миллион сомонӣ бо 32 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 70 ҷойи кори мавсимӣ дар назар дошта шудааст", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дод, ки барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд