ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои COVID-19 30 май доир гардид ва дар он масъулин аз кам шудани ҳолатҳои сироятёбӣ аҳ коронавирус хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок доштанд.
Ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат кардаанд.
Сараввал оид ба вазъи феълии бақайдгирӣ, муоина ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар кишвар сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳисобот доданд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамуда, муайян гардид, ки рӯз то рӯз шумораи гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласаи ситоди Вазорат масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқ ва фаврии сироятёфтагон, таъмини табибон бо маводҳои муҳофизатӣ, муносибати кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.