ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон санаи садамаи маргбор санаи 29-уми майи соли равон тахминан соати 02:30-и шаб дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” рух додааст.
Тавре манбаъ хабар додааст ронандаи мошини боркаши тамғаи “ДОЛУН”, таҳти идораи Зиёхолов Саидбек Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар 84-км аз шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёхсу аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро дар чуқурии канори роҳ чаппа кардааст.
ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷаи ин садама худи ронанда Зиёхолов Саидбек ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки мусофири дар дохили автомашинаи мазкур буда, Қурбонов Ҷаҳонбек Шарифович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандни милитсияи ҷумҳурӣ аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.