ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Парвин Юсуфӣ сарояндаи маъруфи Тоҷикистон чанде пеш дар сафҳаи Фейсбукии худ таронаи навашро мунташир намуд. Ӯ ба кулли мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, ҳамагонро ба сабурӣ даъват кард.
"Ҳамеша боварӣ дошта бошед ки ҳамааш мегузарад! Худованди Бузург ҳамеша нигаҳбони Шумо бошад, ва даст ба ДУО бардорем ки ин бемории марговарро Худованд нест кунад аз рӯйи замин", - навиштааст Юсуфӣ зери навори таронаи наваш.
Сарояндаи саршинос мегӯяд, дар ин лаҳзаҳои барои мардуми Тоҷикистон мушкил, тамоми ҳунармандони тоҷик бо замир ва ҳунари худ дар паҳлуи мардум мебошанд.
"Шукри Ватан! Шукри Тоҷикистон! Шукри Меҳру Муҳаббати Халки азизам! Шукри забон! Шукри зиндагӣ! Шукри Муҳаббати Худо!