ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода дод.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷкистон, майдончаи варзишии универсалӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта ва барои бозиҳои футболи хурд ва баскетбол нигаронида шудааст.
"Атрофи майдонча чароғон карда шуда, имкони шабона машғул гардидан ба намудҳои гуногуни варзиш низ мавҷуд аст", - таъкид мешавад дар хабар.
Сафари Раҳмон ба Данғара: аз сохтмони бинои ҲХДТ то ифтитоҳи корхонаи “Фармтекст” ва...
Манбаъ меафзояд, иншооти мазкур имкон медиҳад, то ҷавонон ва дигар сокинони деҳаи Хуррамзамин бештар ба варзиш машғул шаванд ва бо истифода аз чунин имконияти барояшон фароҳамгардида, саҳми худро дар рушди варзиш гузоранд.
Бояд гуфт, ки то ин ҷониб дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати Исмат Шарифи ноҳияи Данғара чунин майдончаи варзишии дорои шароити замонавӣ мавҷуд набуд.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ба масъулин дастур дод,то дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири ба варзиш машғул шудани ҷавонони маҳаллиро таъмин намоянд.