Сипоси Раҳмон ба оилаи Содиқовҳо: маркази тиббӣ ва ҳаммоми бунёдкардаашонро кушод

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи иншооти бунёдкардаи Содиқовҳо дар Данғара
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи иншооти бунёдкардаи Содиқовҳо дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Маркази ташхисӣ - табобатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишии универсалиро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур аз тарафи соҳибкорон - оилаи Содиқовҳо бунёд гардида, дар ошёнаи якуми Маркази ташхисӣ, дорухона, ҳуҷраи ултрасадо ва ҳуҷраи духтури дандон ба нақша гирифта шуда, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои занона ва тавонбахшӣ дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир аст.

Драка - Sputnik Тоҷикистон
Нафаре, ки рӯзноманигор Ғурбатиро кӯфт, худро “раиси ҷамоат” гуфтааст-акс

Манбаъ афзуд, ки дар ин марказ гепатитҳо, вируси норасоии масунияти одам, бемории қанд ва ғайра ташхис карда мешаванд.

“Солҳои қаблӣ дар ҷамоати Исмат Шарифи ноҳияи Данғара чунин шароит муҳайё набуд ва сокинон барои ташхиси бемориҳои гуногун ба маркази ноҳия ё пойтахт мерафтанд. Акнун маркази ташхисӣ - табобатии навбунёд мушкилии аҳолиро дар ин самт бартараф кард”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин маҷмааи варзишию ҳаммоми замонавӣ ифтитоҳ гардид.

“Ҳаммоми тозабунёд имкони дар як вақт ба 15 нафар хизмат расониданро дорад. Бартарияти ҳаммом дар он аст, ки аз хизматрасониҳои он мардону занон метавонанд васеъ истифода намоянд”, - тавзеҳ додаст котиботи раисиҷумҳур.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар дод, ки аснои шиносоӣ бо имкониятҳои Маркази ташхисӣ - табобатӣ, ҳаммом, ошхона барои 30 нафар ва майдончаи варзишии универсалӣ Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои дар деҳот муҳайё намудани чунин шароити мусоид изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иқдоми созандаи онҳоро намунаи ибрат хондаст.

Лентаи хабарҳо
0