ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Кумаки навбатии башардӯстонаи Ӯзбекистон иборат аз орд ва доруворӣ имрӯз вориди Душанбе шуд.
Бино ба иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, кумакҳои башардӯстона бо дастури президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ирсол гаштааст.
Гуфта мешавад, ёрии башардӯстона аз маҳсулоти ғизоӣ, лавозимоти тиббӣ ва ҳамчунин 1000 тонна орд иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, кумакҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза ба коронавирус ирсол гаштааст.
Қаблан дар оғози ҳафтаи ҷорӣ ин кишвар ба Тоҷикистон 24 тонна лавозимоти тиббӣ ирсол кард.
Пештар, Ӯзбекистон барои сохтани беморхонаи сайёр дар Душанбе, ба кишвар 120 контейнер кумак карда буд.
Ин табобатхона аллакай дар ҳудуди майдони "Бофанда" сохта шуда, ба қабули мазирони коронавирус омода аст.
Ҳамчунин рӯзи 8 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳашт пизишк омаданд, ки барои ҳамтоёни тоҷики худ аз таҷрибаи андӯхтаи худ дар самти мубориза бар зидди коронавирус, нақл карданд.
Табиб аз Ӯзбекистон: "Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳтарин муддат бар COVID - 19 ғолиб ояд"
Дар навбати худ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарардидагони офати таббиӣ ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 51 қатораи масолеҳи сохтмонӣ кӯмак фиристод.