Дархост аз мақомоти тоҷик барои пешгирии таҳқиру бадномсозии рӯзноманигорон

© Sputnik / Амир ИсаевЖурналист, архивное фото
Журналист, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуруҳи созмонҳои рӯзноманигорӣ, сардабирон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон аз мақомоти умури дохилӣ, додситонӣ ва амнияти миллӣ хостаанд, пеши роҳи лату кӯб ва бадномсозиву таҳқир кардани рӯзноманигоронро гиранд

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Созмонҳо ва гуруҳи рӯзноманигорони Тоҷикистон аз ҳолатҳои латукӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ сурат гирифт, нигаронияшро баён намуд.

Драка - Sputnik Тоҷикистон
Нафаре, ки рӯзноманигор Ғурбатиро кӯфт, худро “раиси ҷамоат” гуфтааст-акс

Дар изҳорот зикр шудаст, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дар вақти таҳияи гузориш дар бораи осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон латукӯб шудааст ва таъкид гардидааст, ин амалкард хилофи қонунгузории кишвар мебошад.

"Мувофиқи моддаи 28-и қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ҳузури рӯзноманигор дар маҳалли ҳодиса ҳаққи қонунии ӯ буда, ин амал монеъ шудан ба фаъолияти касбӣ ва тибқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷиноят аст", - хотиррасон кардаанд созмонҳои рӯзноманигорӣ.

Ғурбатӣ инчунин 11 май дар назди манзили истиқоматияш дар шаҳри Душанбе латукӯб шуда буд, ки аз рӯи он Вазорати умури дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд, вале дар бораи омилони ин ҷиноят то ҳол гузориш надодааст.

Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро барои як сол зиндон кард

Дар идомаи изҳороти созмонҳои журналистӣ омадааст, ки дар ҷомеаи демократӣ ба ҳама гуна амалкарди хилофи қонун бояд вокуниши сареъи мақомот сурат гирифта, ҳамлаварон пайдо ва дар ҷаҳорчӯби қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ инчунин бо зикри ҳолатҳои таҳқири рӯзноманигори тоҷик Шаҳлои Гулхоҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид намудааст, ки "вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи баъзе корбарони маълуму номаълум нисбат ба рӯзноманигорони алоҳида маводу матлабҳо ва аксу видеоҳои таҳқиркунандаи шахсияти рӯзноманигорон хеле зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нигаронии шадии ҷомеаи рӯзноманигорӣ шудааст".

Созмонҳо ва рӯзноманигорон аз мақомоти масъули давлат, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ даъват кардаанд, ки пеши роҳи лату кӯб ва бадномсозиву таҳқир кардани рӯзноманигорон гирифта шавад ва фазои мусоиди ҳамкориву муколама таъмин шавад.

Лентаи хабарҳо
0