Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мақомоти ВМКБ овозаҳои маҳдуд шудани ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғро бепоя хонд

© Sputnik / Нозим КаландаровПост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, овозаҳои маҳдуд будани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ воқеият надорад ва феълан роҳ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзҳои охир  дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо оид ба баста шудани роҳи Душанбе — Хоруғ паҳн гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ "Ховар" хабар дода, ки овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надошта, айни замон  роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст.

"Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомади сокинон  байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба муддати 10 рӯз маҳдуд мегардад. Рафту омад байни маркази вилоят ва шаҳри Душанбе маҳдуд нагардидааст, вале аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бе зарурат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд",- афзуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон дар ин бора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.

Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бадахшон рувуои мардум байни ноҳияҳо маҳдуд шуд

Вай афзуд, ки маҳдудият  ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.

Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.

“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт Ниятбеков.

То 27 майи соли равон дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0