ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, ки чораҳои карантинӣ дар минтақаҳои кишвар ва шумораи санҷишҳо барои COVID-19 бинобар зиёд шудани шумораи ҳодисаҳои дар рӯзҳои охир ошкоршуда таҳким дода шаванд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ додааст.
Зимни мулоқот Мирзиёев қайд кард, ки роҳбарони аксари минтақаҳо ва корхонаҳои кишвар, инчунин шаҳрвандон чораҳои карантинро нодуруст қабул намуда, гумон мекунанд, ки ин беморӣ гузаштааст.
Дар робита ба ин, ӯ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони вилоятҳо супориш дод, ки минтақаҳое, ки вазъи эпидемиологӣ бадтар шудааст, баррасӣ кунанд ва оид ба тақвияти чораҳои карантинӣ пешниҳодҳо ирсол кунанд.
Вай инчунин аз Вазорати тандурустии кишвар даъват кард, ки санҷиши назоратиро барои COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, бозорҳо, бонкҳо ва ҷойҳои серодам вусъат диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Ӯзбекистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буданд.
Қарантина дар ин кишвар аз 8 май ҷорӣ карда шуда буд.
Қаблан муовини вазири тандурустии ин кишвар Баҳодур Юсуфалиев гуфт, ки дар Ӯзбекистон ахиран ҳар рӯз то 60 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта мешавад.
Ӯ гуфт, агар сатҳи беморӣ ба ҳамон суръат афзоиш ёбад, ҷумҳуриро зарур аст ба қарантинаи шадид баргардад.
Бар пояи додаҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3290 нафар расида аз он 2636 каси шифо ёфтааст. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба 14 нафар мерасад.