ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкурро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.
Ба иттилои манбаъ ҳодиса шаби 26-уми майи соли ҷорӣ, шабона тахминан соати 00:17-дақиқа рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда, дар назди манзили истиқоматиашон бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 3 -маротиба ба бадани номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ноболиғи 17 соларо дар, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешуд, дастгир намуданд