ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Тоҷикистон дар 4 моҳ бештар аз 4 тонна кӯмаки башардӯстона гирифт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
43 кишвари ҷаҳон дар 4 моҳ ба Тоҷикистон ба арзиши беш аз 7,7 миллион доллар кумаки инсондӯстона ироа доданд.
Бино ба иттилоъи Ожонси омори кишвар, ҳаҷми кулли кумаки инсондӯстона беш аз 4 ҳазор тонна буд.
Кумакҳои инсондӯстона муштамил бар орд, равғани растанӣ, дору ва ғайра буданд.
Ӯзбекистон, Чин ва Русия кумакдиҳандагони аслӣ ба ҶТ маҳсуб мешаванд. Ҳаҷми кулли кумакҳо инсондӯстонаи ин 3 кишвар беш аз 5 миллион доллар мебошад.
Тоҷикистон дар муддати мушобеҳи соли гузашта ба арзиши ҳудуди 20 миллион доллар кумаки инсондӯстона дарёфт карда буд.