Шифо ёфтани 60 нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи рӯзҳои охир шумораи шифоёфтагон аз бемории коронавируси нави COVID-19 зиёд шуда, сафи муроҷиаткунандагон низ кам шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Имрӯз  зиёда аз 60 нафар шаҳрвандоне, ки дар бемохонаи "Истиқлол" бо нишонаҳои бемории сироятии коронавирус  зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Главный корпус больницы Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Поёнравӣ ё оромии қабл аз тӯфон: дар шифохонаҳои Тоҷикистон чӣ хабар аст?

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Зебунисо Шерова, ки як муддат дар Маркази тиббии шаҳрии №1 бистарӣ буд, мегӯяд, ки вазъи саломатиаш хеле хуб шуда,  барои ба хона рафтан рухсат гирифт. Ҳамчунин номбурда аз вазъи хизматрасонии тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки шароити буду бош дар ин муассиса хуб ба роҳ монда шудааст", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки тайи  рӯзҳои охир шумораи шифоёфтагон аз  бемории коронавируси нави COVID-19 зиёд шуда, сафи муроҷиаткунандагон низ кам  шудааст, афзудааст вазорати тандурустӣ.

То соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Шифо ёфтани 105 ҳазор мубталои коронавирус дар Эрон

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0