Нигаронии Зайнура Азимӣ аз монеаҳои роҳи пирӯзӣ алайҳи “вируси карона”

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМужчина в защитной маске на улице
Мужчина в защитной маске на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемории COVID-19 таъкид намудааст, ки таҷаммӯъи зиёди сокинон дар кӯчаву бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳи пирӯзи ба ин бемориро мушкил мегардонад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Муовини раиси вилояти Суғд, дар ҳоле аз камтаваҷҷӯҳи баъзе сокинон дар бораи асароти ин маризӣ таъкид намудааст, ки ду се рӯз ба ин ҷониб гаштузори одамон дар кӯчаву бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ назар ба рӯзҳои қаблӣ бештар шуда, вале дида мешавад, ки баъзеҳо алакай чораҳои муҳофизатӣ аз ҷумла бастани ниқобро алакай фаромӯш кардаанд.

Двери закрытой центральной мечети в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
"Барои аввалин бор": кӯчаҳои холии Душанбе дар арафаи Иди Фитр - акс
Маъмури Юсуфзод, роҳбари дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи зери роҳбарии Азимӣ, дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и Хуҷанд бо иштироки масъулини муассисаҳои тандурустии Суғд доир гардида, дар кори маҳз ин масъалаи ба баррасӣ гузошта шудааст.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфтааст, ки хушбахтона шумори мубталоёни бемории кароновирус дар вилоят рӯз аз рӯз ру ба нузул аст, вале ин маънои онро надорад, ки мо бар алайҳи ин маризӣ, ки вабои аср аст, ғолибяти мутлақ ба даст овардаем.

“Баръакс таҷрибаҳо собит менамоянд, ки аз беэътиноӣ ва нописандӣ вазъи беҳдоштӣ дар баъзе кишварҳо дубора бадтар шуда, ин беморӣ аз нав хуруҷ кардааст. Тақдири талхи кишварҳои минтақа инро бозгӯй менамояд”, - таъкид кардаанд масъулин дар ҷаласа.
Жители Таджикистана встретили праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мешавад

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд иброз намудааст, ки рӯзҳои охир фориғболии шаҳрвандон, бахусус гаштугузори бемаврид дар кӯчаҳо, зиёд будани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, анбӯҳи одамон дар бозору ҷойҳои истироҳатӣ бе риояи қоидаҳои тиббӣ ба назар мерасад, ки ин ҳол метавонад ба ҷараёни мубориза бо бемории каронавирус таъсири манфӣ гузорад.

Ӯ аз ҳозирин даъват кардааст, ки дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории “COVID-19” дар вилояти Суғд аз имкониятҳо истифода намуда, корҳоро тақвият диҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар ин ҷаласа масъулин таъкид намудаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият шаҳрвандонро лозим аст, ки аз баргузор намудани тӯйю маъракаҳои хеш худдорӣ намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

 

Бино ба оморе, ки имрӯз 26 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии беморон ба 3266 нафар баробар шуда, то кунун 1417 нафар аз ин шумор сиҳат шудаанд.

Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 47 нафар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

 

Лентаи хабарҳо
0