Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПолиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ "Москва"
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон дошт, марҳила ба марҳила муҳоҷирони меҳнатие, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид дошт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба илллати пандемия COVID- 19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Жириновский: вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Русия боздошта шавад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намудааст, ки дар марҳилаи аввал барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз карда шудааст.

Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

“Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд”,- эълон кардааст сафорат.

Инчунин масъулини сафорат таъкид доштанд, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад.

Министр труда Таджикистана Джабборзода Гулру - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

“Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Русия қарордошта хоҳиш карда мешавад, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд”,- иттилоъ додааст сафорат.

Сафорат зикр ҳамзамон зиер кардааст, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб шаҳарвандон метавонанд тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия тамос гиранд.

Лентаи хабарҳо
0