ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур шикоят овардааст.
Дар шикояти ин мард гуфта шудааст, ки санаи 25-уми майи соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 22 ҳазор доллари амрикоӣ ва 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВУД таъкид доштааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.