ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтори рӯзи гузашта дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритусро шарҳ дод.
Тиқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод сӯхтор соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба амал омадааст.
“Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи (навес) фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиеда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд”,-афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, ҳамазамон, хатари паҳншавии оташ ба биноҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк, ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор аз руи хулосаи пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст.
ВУД мегӯяд, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд.
Ноҳияи Шаҳритус дар 230-километрии ҷанубу ғарби Душанбе дар ҳамсарҳадӣ бо Ӯзбекистон ва Афғонистон қарор дорад.