ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Шероз як корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар суол кардааст, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус пас аз намози витр каме спиртро бо оби ҷўшомада омехта карда, бо он ғарғара кунем ё онро бинўшем, оё дуруст аст?
Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, агар табиб иҷозат дода бошад, пас метавонед бо омехтаи спиртоб даҳонро ғарғара кунед, аммо нўшидани он дуруст нест.
Шӯрои уламо ба ин нафар тавсия додааст, ки беҳтар аст, ки шумо барои ғарғара ва шустани даҳону бинӣ аз содаоб истифода баред.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то бегоҳии рӯзи гузашта дар кишвар 2929 кас гирифтори ин вабои аср шудааст.
Бар пояи охирин омори ин ниҳод 46 кас дар Тоҷикистон аз коронавирус вафот кардаву 1301 нафар шифо ёфтааст.