Бобои Файз - муаллифи таронаи машҳури "Очата бугӯ" даргузашт

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзи Сулаймон, маъруф ба Бобои Файз, ки бо таронаҳои мардумиаш машҳур аст, даргузашт. Ӯро дар Себистони Данғара ба хок супурданд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik.  Дар ин бора яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарояндаи шинохтаи мардумӣ субҳи имрӯз, 25 май, дар синни 82-солагӣ даргузашт.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: Ҷурабек Назрӣ даргузашт

Ба иттилои ин манбаъ, Бобои Файз пас аз як бемории тӯлонӣ аз сактаи қалб ҷон ба фонофарин таслим кардааст. “Ҷанози овозхон пас аз зуҳри имрӯз дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара баргузор мешавад”, - гуфтааст манбаъ.

Номи Бобои Файз пас аз садо додани таронааш таҳти унвона "Очата бугӯ" ба забонҳо афтод.

Ӯ ин таронаро дар ҷашни наврӯзии соли 2013 дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон сароида, ӯро мафтун карда буд.

Президент он замон аз раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизион хостори таҳияи як барномаи вижа дар телевизион бо ширкати ин ҳунарманд шуд.

Бобои Файз дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфта буд, ки қаблан низ ба овозхонӣ мушғул буд, аммо таронам "Очата бугӯ" ӯро бисёртар миёни мардум шинохта кард ва ин барояш як иттифоқи ғайримунтазира буд.

Файзӣ Сулаймон соли 1938 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Ин дуввумин сарояндаи тоҷик аст, ки дар чанд шабонарӯзи ахир вафот мекунанд.

24-уми май Ҷӯрабек Назрӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 74-солагӣ тарки дунёи фонӣ гуфт.

Лентаи хабарҳо
0