"Барои аввалин бор": кӯчаҳои холии Душанбе дар арафаи Иди Фитр - акс

Обуна шудан
Як рӯз қабл дар Тоҷикистон пас аз анҷом ёфтани моҳи мубораки Рамазон, тоҷикистониён аз Иди Саиди Фитр ҷашн гирифтанд

Иди Фитр ин охири моҳи мубораки Рамазон аст, ки мусалмонон пас аз 30 рӯзи гирифтани Рӯза онро ҷашн мегиранд. Ид чун ҳамешагӣ бо намози шом оғоз меёбад.

Мусульманский календарь 2022 - Sputnik Тоҷикистон
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2020

Ин Ид бозгӯкунандаи меҳрубониву салоқат миёни мардум, кумаки дастгирии ниёзмандон, хайру сахо намудан дар ҳаққи бенавоён, ва моҳи бахшоиш мебошад.

Маъмулан дар ин мо одамони доро ба мусалмонону мазлумон ва ҳамзамон пирони барҷоймонда кумаку меҳрубонӣ мебахшанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон аз ин иди шариф васеъ ҷашн мегирифтанд. Имсол бошад авҷи маризии коронавирус нагузошт, то мусалмонон ин иди барои онҳо муқаддасро ба таври лозимӣ ҷашн гиранд.

Дар Маскав ба хотири Иди Фитр ҳаракати мошинҳоро дар чандин кӯчаҳо маҳдуд мекунанд

Дар ин рӯз маъмулан хешу пайвандон ба хабаргирии ҳамдигар мераванд, кӯдакон ба дари ҳамсояҳо рафта муждаи фаро расидани ин идро иброз медоранд, ҳамсояҳо низ бо дастурхони пурноз ба табрикоти ҳамдигар мебароянд.

Аммо имсол Иди Фитр ба мисли дигар солҳо нагузашт.

Мардум танҳо дар доираи оилаи худ ин ҷашнро қайд карданд ва ба дари ҳамдигар барои шодбошӣ гуфтан нарафтанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи расмии маризии коронавирус дар Тоҷикистон 30 - юми апрел эълон гардид. То ҳол аз ин маризӣ 46 тоҷикистонӣ ҷон аз даст доданд.

© Sputnik / Амир ИсаевХиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
Пустые улицы города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/9
Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
© Sputnik / Амир ИсаевМуҷассамаи "Исмоили Сомонӣ" дар майдони "Дӯсти" - и шаҳри Душанбе
Душанбе площадь Дусти памятник Исмоилу Сомони - Sputnik Тоҷикистон
2/9
Муҷассамаи "Исмоили Сомонӣ" дар майдони "Дӯсти" - и шаҳри Душанбе
© Sputnik / Амир ИсаевХиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
Пустые улицы города Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
3/9
Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
© Sputnik / Амир ИсаевРоҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
Опустевшие дороги в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
4/9
Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
© Sputnik / Амир ИсаевШоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
Опустевшие дороги в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
5/9
Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
© Sputnik / Амир ИсаевРоҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
Опустевшие дороги в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
6/9
Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст - Sputnik Тоҷикистон
7/9
Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст
© Sputnik / Амир ИсаевМасҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
Новая мечеть в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
8/9
Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
Пустые улицы города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
9/9
Лентаи хабарҳо
0