ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин ба мардум содиқона хизмат карда истодаанд, изҳори сипос намуданд.
Изҳори сипоси раисҷумҳур ба муборизони рақами яки коронавирус дар паёми шодбошии президент ба муносибати иди Фитр зикр шудааст.
"Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям", — гуфтааст раисҷумҳур.
Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии амлакат 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Вазир шабона ба беморхонаҳо меравад: Абдуллозода ба гирифторони коронавирус худаш занг зад
Пештар хабар дода шуд, ки президент ба хонаводаҳое, ки наздиконашон дар пайи гирифторӣ ба коронавирус даргузаштанд, изҳори ҳамдардӣ кард.