ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавони эстрадаи тоҷик чеҳраи ширкати номдори Tcell интихоб шуда ҳамроҳи ин ширкат бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин бора ширкати Tcell ва ҳам Мадина Ақназарова дар саҳифааш дар инстаграм хабар додааст.
Бино ба гузориши манбаъ, Мадина аз ҷумла дар видеоролике барои пешбурди барномаи "Эко" - барномае барои муштариён, ки маблағи он барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон ҳазина мешавад.
Мадина мардуми Тоҷикистонро барои мубориза бо ин вабои аср даъват мекунад, то ба барномаи "Эко" - и Tcell пайваст шаванд ва дар мубориза бо вируси корона саҳмгузор бошанд, чун қисме аз маблағи ин тарофа ба бунёди мубориза бо коронавирус гузошта мешавад.
Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео
Ёдрас мешавем, ки пештар Мадина Ақназарова дар аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнеси тоҷик ширкат карда ба 50 оилаи ниёзманд кумак расонид.
Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.
Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.
Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.
Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.
То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.