ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар Чин бақайдгирии гирифторони коронавируси COVID-19 идома дорад, хабар медиҳад Комиссияи миллии тандурустии кишвар.
Бино бар иттилои комиссия, дар як шабонарӯзи гузашта 3 нафар гирифтори ин вирус пайдо шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ду нафари бемор ба наздикӣ аз хориҷа баргашта буданд. Нафари севум бевосита дар дохили кишвар мубтало шудааст.
Бино бар маълумоти ахир, аз аввали пандемия дар Чин ҳудуди 83 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор шуданд. Қурбониён 4,6 ҳазор тан гуфта мешавад.
Бурузи коронавирус маҳз ба Чин иртибот дорад. Нахустин шуда, дар ин кишвар дар охири соли 2019 аз пайдо шудани мубталоён ба вируси корона хабар доданд. Вирус зуд дар дигар кишварҳо ҳам паҳн гардид.
Авҷи беморӣ дар Чин ба моҳҳои январу феврал рост омада, моҳҳои марту апрел коҳиши паҳншавии он ба назар мерасид. Дар пайи ин коҳиш, кишвар маҳдудиятҳо ва карантинро бекор кард.
Аммо ду ҳафтаи ахир дар се шаҳри Чин 46 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор шуд. Дар натиҷа дар шимолу шарқии Чин бештар аз 108 миллион шаҳрванд ба карантин фаро гирифта шуданд.